ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!

Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд.

Муфассал...

ПАЁМИ ТАБРИКИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ИШТИРОКДОРОНИ КОНФРОНСҲОИ ИЛМИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БА МУНОСИБАТИ 400-СОЛАГИИ САЙИДОИ НАСАФӢ ВА 550-СОЛАГИИ НАҶМИДДИНИ КАВКАБӢ

Тавре дирӯз хабар додем, 13декабр дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони «Миробид Сайидои Насафӣ ва таҳаввулоти фарҳангию адабии Мовароуннаҳр» бахшида ба 400-солагии ин суханвар ифтитоҳ гардид. Дар оғози конференсия Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, академик Абдуҷаббор Раҳмонзода Паёми табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба аҳли илм қироат намуд.

Муфассал...

ТАЪИНОТИ КАДРӢ

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷагирӣ аз фаъолияти роҳбарони баъзе вазорату идора ва раисони шаҳру ноҳияҳои мамлакат тағйироти кадрӣ ба амал бароварданд.

Бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раисони ноҳияҳои Рӯдакӣ, Тоҷикобод, Данғара, Ховалинг ва ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз вазифаҳояшон озод гардиданд.

Муфассал...

ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

Ҳамватанони азиз!

Ҳар сол бисту чоруми ноябр дар кишвари соҳибистиқлоли мо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Ба ифтихори ин ҷашни фархунда ҳамаи шуморо самимона табрик гуфта, орзуманди он ҳастам, ки Парчами давлатии мо дар фазои орому осудаи мамлакат ҳамеша роҳнамову роҳкушои мардуми шарафмандамон ба сӯи ояндаи неку осуда бошад.

Муфассал...

ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ КОРИ АГРЕГАТИ АВВАЛИ НЕРӮГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “РОҒУН”

17 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Наврӯзгоҳи пойтахт дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати оғози кори агрегати аввали Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” иштирок ва суханронӣ карданд.
Нахуст Сарвари давлат кулли мардуми кишвар ва иштирокчиёни тантанаи идонаро бори дигар бо барқи аввали нерӯгоҳи “Роғун” — чароғи равшани хонадони мардуми Тоҷикистон ва ояндаи дурахшони Ватани маҳбубамон табрику таҳният гуфтанд.

Муфассал...