ПИРӮЗӢ МУБОРАК ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ!

Пирӯзӣ муборак Пешвои муаззами миллат! Шукрона аз ваҳдату ҳамдилии миллати тоҷик менамоем, ки бо як ифтихори миллӣ ва дарки баланди масъулияти шаҳрвандӣ Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро паси сар намудем. Миллати бофарҳанги тоҷик 29 соли таърихро ба назар гирифта, дар рафти Интихобот раъйи худро ба шахсияте доданд, ки миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ эмин дода давлату миллати тоҷикро ба яке аз давлатҳои тараққикардаи дунё табдил доданд ва баҳри пешравии миллату давлат ҳамеша тайёранд, ки ҷони худро фидо созанд. Дар васфи ин абармарди дунёи сиёсат, ҷонфидои миллат ҳар чанд сухан намоем боз ҳам забон оҷиз мемонад.
Боз ҳам пирузиву музаффарият муборак бошад Пешвои муаззами миллат, номзади арзандаи ҳар як шахси бо фарҳанги миллати тоҷик!