Конфронси илмӣ- амалӣ дар мавзӯи “ Технологияи бадастории моддаҳои фаъоли биологӣ аз гиёҳҳои шифобахши ватанӣ”

Нигариданд: 1234

Конфронси илмӣ- амалӣ дар мавзӯи
“ Технологияи бадастории моддаҳои фаъоли
биологӣ аз гиёҳҳои шифобахши ватанӣ”

Боиси сарфарозист, ки дар Паёми се соли охир вазъи имрузаву дурнамои ояндаи соҳаи тиб ва фарматсия мавриди назари хоссаи Сарвари давлат қарор дошта, оид ба ин соҳа нуқтаҳо: “доир ба бунёди корхонаҳои истеҳсоли дору ва рушди саноати дорусозӣ бо ҷалби сармояи мустақим”, “кам кардани муомилоти дорувории қалбакӣ ва пастсифат ”, “ танзими арзиши доруворӣ ва озод намудани истеҳсоли дорувории ватанӣ аз арзиши иловашуда”, “ беҳтар намудани сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таълими” махсус таъкид карда шуд. Ҳамчунин, сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи маводи доруворӣ” соҳаи афзалиятноки соҳаи фарматсияро равшан месозад, ки ин ба фаъолияти муназзаму муташаккилонаи аҳли соҳа мусоидат менамояд.
Муассисаи давлатии коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ, ки дар самти пешбурду пояндагии рушди илмии кишвар маҳсуб меёбад, дар партави ҳидоятҳову роҳнамоиҳо ва таъкидҳои Пешвои маҳбубамон ба ҳамгироӣ ва татбиқи илм дар истеҳсолот талош намуда, ба тарвиҷи илмҳои дақиқу бунёд ӣ ва тарбияи ихтироъкорону эҷодкорони ҷавон дар кафедраи “ Технологияи дорусозӣ, ташкил ва иқтисоди фарматсия” диққати ҷиддӣ медиҳад.
Санаи 28-уми декабри соли 2018-ум дар кафедраи “Технологияи дорусозӣ, ташкил ва иқтисоди фарматсия” конфронси илмӣ- амалӣ дар мавзӯи “ Технологияи бадастории моддаҳои фаъоли биологӣ аз гиёҳҳои шифобахши ватанӣ”, “Бахшида ба соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, ки маҳз бо мақсади инъикоси воқеъии самтҳои афзалиятнок ва дурнамои рушди соҳаи дорусозӣ ифтитоҳ гашт, нишонаи асосии майдонҳои имрузаи фаъолияти соҳавии аҳли илми “Технологияи дорусозӣ, ташкил ва иқтисоди фарматсия” ва шарикони ватанию хориҷии онҳо ба шумор меравад.
Дар конфронси мазкур аз Маркази илмӣ-тадқиқотии фарматсевтии назди вазорати тандурустӣ Ахмедов Фарҳод Аламхонович, Элназаров М муовини мушовири шӯъбаи фармакопеяи Хадамоти назорати давлатӣ ва инчунин Имомиён Равшан ассистенти кафедраи технологияи дорусозии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А.Сино иштирок намуданд.
Cухани муқаддимавиро муовини директор оид ба корҳои таълимӣ н.и.т., Азиззода З. А оғоз намуданд ва инчунин мудири кафедраи “Технологияи дорусозӣ, ташкил ва иқтисоди фарматсия”Сайдаҳмадов С.С баромад намуданд. Дар конфронси мазкур донишҷӯ Мирзокаримова Маҳбуба дар бораи “Тайёркунии қурс-брикет аз гиёҳи мармарак”, “Тайёркунии хамираҳо ва истифодабарии онҳо. Хамираи Унна” дар иҷрои донишҷӯи курси 3-юм Мухторов Азиз, “Усулҳои тайёркунии эмулсия” Саидова Умеда, “Тайёркунии қурс-брикети решаи рӯян” Нуров Сӯҳроб, “Маҳлулҳои паивастагиҳои калонмолекула” Исмоилова Амина, “Гели одамгиёҳ дар асоси кроскарселоза” дар иҷрои донишҷӯ Абдураҳмонова Сайёҳат шуда гузашт.