ОНЛАЙН КОНФРОНСИ XII-УМИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ...

 Онлайн конфронси XII-уми ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ доир ба мавзӯи “Нақши корҳои илмию тадқиқотӣ ва истифодаи технологияи муосир дар баланд бардоштани сифати таҳсилот ва омодасозии мутахассисони миёнаи касбии тиббӣ”, бахшида ба 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”


5-уми декабри соли 2020 дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, конфронси XII-уми ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ доир ба мавзӯи “Нақши корҳои илмию тадқиқотӣ ва истифодаи технологияи муосир дар баланд бардоштани сифати таҳсилот ва омодасозии мутахассисони миёнаи касбии тиббӣ”, бахшида ба 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” баргузор гардид.
Ҳайати раёсати конфронсро олимони соҳаи тандурустӣ ба зимма доштанд. Аз ҷумла Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода, н.и.т., директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, Юсуфӣ Саломуддин Ҷаббор, д.и.т., профессор, Сардори раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми Вазорати тандурусӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Одилзода Исмоил Ёқубҷон, муовини директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, Муминзода Ҷумъахон Саид, н.и.т., муовини директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”.
Ораш Алавӣ, доктори илмҳои тиб, директори Донишкадаи илмӣ-тадқиқотии ИМА, духтури эронитабор, ки дар айёми авҷгирии вируси нави COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тариқи телевизион ва шабакаҳои иҷтимоӣ фикру ақидаҳои худро иброз намуда, ба мардуми тоҷик тавсияҳо медоданд, аз ҷумлаи меҳмонони олиқадри конфронс буданд. Бо назардошти вазъияти кунунии эпидемиологӣ дар минтақа ва ҷаҳон, қисми асосии меҳмонони берунмарзӣ омада натавонистанд, аммо иштироки онҳо фосилавӣ, тариқи пайвастшавии онлайн баргузор шуд.
Қайд гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкил ва баргузории конфронси мазкур саҳми беандоза доранд. Инчунин, сохта ва ба истифода додани чунин як бинои боҳашамат, тӯҳфаи беназири Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои донишҷӯён, омӯзгорон ва раёсати Коллеҷ ба шумор меравад.
Ҷаласаи умумиро Ораш Алавӣ, бо маърӯзаи худ дар мавзӯи “Роҳҳои пешгирии воридшавии вируси нави COVID-19 ба организм” ифтитоҳ карда, аз сатҳи баргузории чунин ҳамоиши илмӣ, бо ҷалб ва ширкати фаъолонаи омӯзгорону донишҷӯён, инчунин, сатҳи баланди маърифати беҳдоштии мардуми тоҷик изҳори қаноатмандӣ намуд.
Сипас, сухан ба меҳмонони берунмарзӣ, ки тариқи фосилавӣ иштирок доштанд, дода шуд. Аз ҷумла директори Коллеҷи тиббии ш. Бишкек (Ҷумҳурии Қирғизистон) Усубалиева Чолпон Сейтековна, директори Коллеҷи тиббии ш. Шимкент (Ҷумҳурии Қазоқистон) Пакаев Сейтджамал Оринбасарович, директори Коллеҷи тиббии хусусии ш. Бишкек (Ҷумҳурии Қирғизистон) Болотова Тамара Бековна, директори Коллеҷи тиббии Волжски Федератсияи Руссия Нестеренко Инна Сергеевна, намояндаи махсуси Комиссияи байналхалқии аттестатсионӣ Кравчук Любов Викторовна (Украина). Меҳмонон аз даъват барои ширкат дар конфронс изҳори миннатдорӣ баён карда, таассуф хурданд, ки аз боиси банд будани сарҳадҳо ба Тоҷикистон омада натавонистанд. Инчунин, аз ҷониби меҳмонон суханони табрикотӣ оид ба ҷашни “85 солагии МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” ва ифтитоҳи чунин як бинои наву замонавӣ, шунида шуд. Раёсати Коллеҷ ва ҳам меҳмонон аз чунин як ҳамкории судманд изҳори қаноатмандӣ намуда, даъват ба амал оварданд, ки минбаъд низ ин ҳамкориҳоро тақвият бахшанд.
Дар хотима директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” Ашуриён Ш.С., ба иштирокчиён барои ғанимат надоштани вақти пурқиммати худ ва ширкат варзиданашон дар конфронс изҳори миннатдорӣ баён намуданд.