Суханронии табрикотии директори Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” Ашуриён Ш.С дар рӯзи дониш

Нигариданд: 1295

Суханрони табрикии директори муассисаи давлатии таълимии
“Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” Ашуриён Ш.С дар рӯзи дониш

Муҳтарам меҳмонон, омӯзгорон ва донишҷӯёни азиз!

Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки соли таҳсили навро мову Шумо дар арафаи таҷлили ҷашни барои миллату давлати мо муқаддас - 26 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин соли ҷавонон пешвоз мегирем.

Ҳукумати Ҷумҳурии тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои муаззами миллатамон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тули 26 соли истиқлолият тамоми саъю кӯшишро баҳри мустаҳкам намудани давлатдории тоҷикон ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ харҷ намуда истодаанд, то ки Ҷумҳурии мо дар арсаи ҷаҳонӣ соҳиби обурӯ ва нуфузи хоса бошад. Дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ бо сарварии Пешвои миллатамон ба хусус ба соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ аз ҷумла тандурустӣ ва маориф беканор аст. Ҳамасола баҳри ба омӯзиш сафарбар намудани насли наврас ва ҷовонон даҳо иншооти соҳаи маориф ва баҳри беҳтар намудани сатҳи солимии аҳолӣ иншоотҳои хизматрасонии тиббӣ бо воридсозии технологияи муосиртарин ба истифода дода мешавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 22 – юми декабри соли 2016 ироа намуда буданд қайд намуданд, ки татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд. Бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон карда шавад. Бахшида ба Соли ҷавонон дар саросари кишварамон чорабиниҳои гуногуни илмӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ ташкил ва баргузор карда шуда истодаанд. Аз ҷумла санаи 23- юми майи соли равон чорабинии идона, ки ба ифтихори Рӯзи ҷавонон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор гардид Пешвои миллат иштирок намуда, рӯзи ҷавононро яке аз ҷашнҳои фараҳбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол арзёбӣ намуданд ва бори дигар тамоми ҷавонони кишварро барои сидқан дӯст доштани Ватан, ҳифз намудани манфиатҳои миллии он ва бо донишу маърифати замонавӣ дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ намудани Тоҷикистон даъват намуданд ва дар ин ҷода ба онҳо пирӯзию сарбаландӣ орзӯ намуданд. Ҷавонон бояд аз дастгириҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллатамон баҳраманд гашта тамоми саъю кӯшишашонро баҳри омӯзиши касбу ҳунар, забонҳои хориҷӣ, азхудкунии технологияи муосири иттилоотӣ, ҳифзи ватан ва муқаддасоти миллӣ харҷ намоянд. Аҳли омӯзгорон ва донишҷӯёни Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ низ дар чорабиниҳо, бахшида ба 20-солагии Ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонон фаъолона ширкат варзиданд. Аз ҷумла дастовардҳои донишҷӯёни Коллеҷро соли ҷорӣ дар Олимпиадаи фаннии VIII- ум, Спартакиадаи XI-ум байни донишҷӯёни Коллеҷҳои тиббии ҷумҳурӣ, Озмуни фаннии ҷумҳуриявӣ, Мусобиқаи маҳорати варзишӣ ва ҳарбӣ-ватандӯстӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намудан зарур аст. Дар озмунҳои мазкур донишҷӯёни Коллеҷ фаъолона ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён гаштанд, ки ин боиси ифтихори аҳли кормандони Коллеҷ мебошад. Дар заминаи истиқлолияти давлатӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ низ ба дастовардҳои зиёде ноил гаштааст, аз ҷумла айни замон Коллеҷ дорои зиёда аз 400 кабинету лабораторияҳои фаннӣ, ки аксарияти онҳо ба тарзи ҳозиразамон ҷиҳозонида шудаанд, кабинетҳои фаннии компютерӣ, марказҳои таълимӣ – истеҳсолӣ, таълимӣ табобатӣ, инчунин китобхона бо қироатхона барои 80 ҷойи нишаст мебошад. Дар соли 2017 хазинаи китобхонаи коллеҷ ба 50 958 адад расидааст, ки дар ғанигардонии он олимону омӯзгорони Коллеҷ саҳми босазо доранд. Заминаи кадрии Коллеҷ низ сол аз сол таҳким ёфта, сатҳи тахассуснокии омӯзгорон баланд шуда истодааст. Омӯзгорон аз услубҳои муосири таълим истифода намуда, дар раванди таълим технологияи муосирро васеъ мавриди истифода қарор дода истодааст. Шароити муосиру замонавӣ моро водор менамояд, ки сол аз сол сифати омодасозии мутахассисонро беҳтар намоем. Имрӯзҳо хатмкардагони Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ дар ҳама муассисаҳои тандурустии ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар кору фаъолият намуда, дар нигаҳдории солимии ҷомеа саҳми арзандаи хешро гузошта истодаанд, ки ин боиси сарфарозии мо мебошад. Соли ҷорӣ Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявиро 1462 нафар мутахассисон аз рӯи 11 ихтисос хатм намуда соҳибкасб гаштанд ва барои хизмат ба халқу ватани хеш раҳсипор гаштанд. Соли ҷорӣ бошад ба ин маҳзани илму маърифат барои таҳсил ва соҳиби касб гаштан 1450 нафар донишҷӯён дохил шуданд. Ҳамасола ҳамчун анъана дар оғози соли таҳсил Пешвои миллат дар кушодашавии иншоотҳои бузурги соҳаи маориф иштирок намуда ба тамоми омӯзгорон ва донишҷӯён дарси Сулҳ мегуянд, ҷавононро ба азхудкунии илму дониш, касб ва пойдор нигоҳ доштани сулҳу амонӣ даъват менамоянд. Мову шумо дарси сулҳро дар оғози айёми таҳсил санаи 30 – юми августи соли 2017 аз тарафи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри душанбе шунидем. Таъдиди терроризм ва экстремизми ҷаҳониро қайд намуда, Пешвои миллат дар баромадашон таъкид намуданд, ки бахусус, наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Омӯзгорон бояд ба шогирдони худ аҳаммият ва нақши сулҳу ваҳдати миллиро барои суботи ҷомеа, рушди муназзаму муътадили кишвар ва пойдориву устувории давлат шарҳ диҳанд ва наврасону ҷавононро дар рӯҳияи сулҳдӯстиву сулҳпарварӣ тарбия намоянд. Зимни баромадашон Пешвои миллат қайд намуданд, ки дар ҷараёни навсозӣ бояд ба омӯзиши фанҳои дақиқ, махсусан, риёзӣ ва табиатшиносӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русиву англисӣ эътибори ҷиддӣ дода шавад, зеро таълими самараноки ин фанҳо барои ояндаи Тоҷикистон ниҳоят муҳим буда, вусъат ёфтани тафаккури техникиву ҷаҳонбинии истеҳсолӣ шарти зарурии рушди соҳаҳои ҳаётан муҳимми иқтисоди миллӣ мебошад. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ маҳфилҳои гуногуни эҷодиёти техникиву бадеӣ, санъати амаливу ороишӣ, варзишӣ, шоҳмотбозӣ, сайёҳиву кишваршиносӣ, биологиву экологӣ, гуманитарӣ ва монанди инҳо бояд ба роҳ монда шавад. Пешвои миллат ҳамчунин қайд намуданд, ки масъалаи сифати таълим ва тайёр кардани мутахассисони соҳибкасб, махсусан, дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ ҳоло ҳам ба муваффақият ноил нагаштаем. Омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус, русиву англисӣ ба талаботи стандартҳои давлатӣ ҷавобгӯ набуда, аксари хатмкунандагон ба ин забонҳо муошират карда наметавонанд. Ба фанни технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва фанҳои тахассусӣ кам аҳаммият дода мешавад ва серталабӣ дар бобати аз худ кардани ин фанҳо кам ба назар мерасад. Ин муаммоҳо дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ низ мутаасифона ҷой доранд ва қисми таълим,кафедраҳо ва шуъбаи илмӣ-методиро зарур аст, ки дар оянда оиди пай дар пай бартараф сохтани камбудиҳои ҷойдошта саъю кӯшиш намоянд. Ҳамчунин тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат мо бояд дар муассисаи таълимӣ баҳри бартараф намудани норасоии китобҳои таълимии тахассусӣ, ташкили озмоишгоҳҳо ба таҷҳизоти муосир ва таҳкими парки технологӣ чораҳои зарурӣ андешем. Дар баромадашон Пешвои миллат ба омӯзгорон рӯ оварда қайд намуданд, ки Ҳукумати мамлакат дар роҳи татбиқи нақшаҳои стратегии худ ҳамеша ба омӯзгорон ва умуман, ба кормандони соҳаи илму маориф такя менамояд, зеро онҳо дар ҳифзу нигаҳдошти дастовардҳои истиқлолият ва рушди минбаъдаи кишвар нақши пурарзиш доранд. Маҳз омӯзгор аст, ки наврасону ҷавононро ба интихоби касбу ҳунар ва роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят мекунад. Дар ин росто, ҳар як омӯзгор бояд ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳӣ дошта бошад ва шогирдонашро дар ҳамин рӯҳия тарбия намояд. Мо аҳли омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” сиёсати маорифпарварона ва сулҳофарини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо сараварии Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якдилона дастгирӣ намуда, қавл медиҳем, ки баҳри рушди соҳаи маориф ва тандурустӣ, сулҳу субот ва ободкорӣ дар Ватани азизамон содиқона хизмат менамоем. Ба ҳамаи Шумо омӯзгорон ва донишҷӯёни азиз Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил муборакбод гуфта ба Шумо бурдбориҳои беназирро таманно менамоям.