ОЗМУН – ФЕСТИВАЛИ ҶУМҲУРИЯВИИ «НАВОВАРОН ВА ИХТИРОЪКОРОНИ НАВРАС ВА ҶАВОН» таҳти унвони «ҶАВОНОН СОЗАНДАГОНИ ВАТАН»

Нигариданд: 884

ОЗМУН – ФЕСТИВАЛИ ҶУМҲУРИЯВИИ «НАВОВАРОН ВА ИХТИРОЪКОРОНИ 

НАВРАС ВА ҶАВОН» таҳти унвони «ҶАВОНОН СОЗАНДАГОНИ ВАТАН»

Ин нуқта дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардид: «Дар шароити имрӯзаи рушди босуръати илм ва техникаву технология, ҳар як давлат нерӯи зеҳнии ҷомеаро ба кашфиёту ихтирооти нав ва тавсеаи соҳаҳои гуногуни истеҳсолӣ равона месозад. Чунин муносибат ба фаъолияти инноватсионии соҳаҳои илму маориф такони ҷиддӣ бахшида, дар навбати худ ба рушди иқтисодиёти миллӣ ва баланд шудани сатҳу сифати зиндагии мардум мусоидат менамояд». Озмун – фестивали ҷумҳуриявии «Навоварон ва Ихтирокорони наврас ва ҷавон» санаи 12 октябр то 13 октябри соли 2018 таҳти шиори «Ҷавонон — созандагони Ватан» дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин озмун 7 нафар донишҷӯёни Коллеҷи тиббӣ ҷумҳуриявӣ бо пешниҳоди 8 лоиҳаи ихтироъкорӣ иштирок намуданд. Боиси сарфарозист, ки лоиҳаҳои пешниҳоднамудаи донишҷӯёни факултети «Техника ва таљњизоти тиббӣ», бахши дуюм Тошбекова Мафтунахон (лоиҳаи дастгоҳи равшандиҳанда аз офтоб), Мардонова Азиза (лоиҳаи дастгоҳи қуввадиҳанда аз офтоб), Саидов М., (лоиҳаи стендӣ - донишатро бисанҷ), Назаров Х., (лоиҳаи сохтмони осоишгоҳ) Ашурализода З. (лоиҳаи дастгоҳи хабардиҳанда) ва Исломзода Ҷ., (лоиҳаи дастгоҳи ҳавософкунанда) дар озмун сазовори диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ гардиданд.

АРБОБОВ Х.М.
Мудири кафедраи
«Технологияи информатсионӣ ва тиббӣ»