Фанҳои морфологӣ

Нигариданд: 2748

МУДИРИ КАФЕДРАИ "ФАНҲОИ МОРФОЛОГӢ"
НАРЗУЛЛОЕВ Насрулло Фатҳуллоевич


(тав. 5.12.1972, ш. Душанбе), морфолог, ҷарроҳи дараҷаи II. Хатмкардаи Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ ва ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино (2000). Фаъолияти кориашро ба ҳайси ассистенти кафедраи анатомияи эътидолии ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино (2000–10) оғоз намудааст. Аз соли 2011 мудири кафедраи фанҳои морфологии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ. Ҳамзамон дар шуъбаи ҷарроҳияи Беморхонаи марказии ш. Ваҳдат духтури навбатдор аст (аз 2011). Оид ба соҳаи физиология ва анатомияи одам модул ва те- стҳо тартиб дода, дар ин самт мақолаҳояш дар рӯзномаи «Шафқат» ба табъ расидаанд. Ос.: Физиологияи одам. Д., 2015; Гистология. Д., 2015.

 

Кафедра. Соли 2000 таъсис дода шудааст. Дар ташкил ёфтани он мудирони собиқ – доктори илмҳои тиб Девонаев О. Т. (2000– 03; ҳоло профессори ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино) ва н.и.т. Ҳакимов М. С. (2003–11; ҳоло духтури дармонгоҳи №12-и ш. Душанбе ва омӯзгори ҳамкори кафедраи мазкур) саҳмгузор мебошанд. Мудири кафедра – Нарзуллоев Н. Ф. (аз соли 2012). Дар кафедра 15 нафар омӯзгор фаъолият дорад, аз он ҷумла ду нафар номзади илми тиб (Ҳакимов М. С., Шарипова В. В.), ду нафар дорои тахассуси дараҷаи олӣ (Нарзуллоев Н. Ф., Шарипова М. А.). Омӯзгорони асосӣ 10 нафар ва ҳамкор 5 нафар. Вазифаҳои асосии кафедра тайёр кардани мутахассисони соҳибтаҷриба, хубтар ба роҳ мондани ҷараёни таълиму тарбия, бо маводди таълимӣ таъмин намудани донишҷӯёну омӯзгорон мебошанд. Аз ин рӯ, вобаста ба имкониятҳои мавҷуда, роҳбарият ва омӯзгорони кафедра равиши машғулиятҳоро куллан зери назорат гирифта, аз рӯйи барномаҳои таълимӣ фаъолият доранд. Дар кафедра донишҷӯён фанҳои таълимии зеринро, ки мувофиқи Стандартҳои давлатии таҳсилот ба роҳ монда шудаанд, вобаста аз факул- тет ва ихтисос меомӯзанд: «Анатомияи одам», «Физиологияи одам», «Анатомия ва физиологияи одам», «Патологияи умумӣ», «Гистология », Физиологияи эътидолӣ ва эътилолӣ (нормалӣ ва патологӣ»), «Асосҳои анатомия ва физиологияи патологӣ». Омӯзгорон бо маводди нақшаи таъ- лимӣ ва барномаҳо таъмин мебошанд. Дарсҳо бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ сурат мегиранд. Забони лотинӣ низ истифода бурда мешавад. Татбиқи «Қонуни забони тоҷикӣ» дар кафедра хуб ба роҳ монда шудааст. Кафедра тасмим гирифтааст, ки минбаъд барои боз ҳам беҳтар татбиқ наму- дани қонуни забон тадбирҳои зарурӣ андешад, баҳри пойдориву устувории забони давлатӣ кӯшиш ба харҷ диҳад. Корҳои тарбиявӣ дар кафедра аз рӯи нақшаи умумии коллеҷ тарҳрезӣ шудаанд. Устодони кафедра роҳбарии ҳамаи гурӯҳҳои курси 1-уми факултаи «Кори ҳамширагӣ» ва факултаи «Кори ҳамширагӣ»-и шабонаро ба уҳда доранд. Омӯзгорони кафедра дар мавзӯи «Тоҷикистони офтобрӯя», «Паёмҳои президент ба ҷавонон», «Ҷавонон пешбарандаи ҷомеъа», «Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Нашъамандӣ ва зарари он», «АҒНМИ – вабои аср» ва «Одоби муоширати корманди хурди тиб», «23-соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Парчами Тоҷикистон», «90-солагии пойтахт», 20-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғ. мизи мудаввар барпо карданд. Мақсад аз гузаронидани соатҳои тарбиявӣ баланд бардоштани ҳисси миллӣ, ватандӯстӣ, ваҳдату якпорчагии ватан ва шуурнокии сиёсии ҷавонон аст. Омӯзгорон ва донишҷӯён аъзои Китобхонаи миллӣ буда, бо он ҳамкорӣ доранд. Дар кафедра оид ба истифодаи барномаҳои соҳавӣ ва миллие, ки тасдиқ шудаанд, дарсҳои тарбиявӣ гузаронида мешаванд. Барномаҳои миллии соҳавӣ дар нақшаи кории тарбиявӣ ворид гаштаанд. Дар кафедра ҷараёни таълим аз рӯйи нақшаи таълимӣ амалӣ мегардад. Барномаҳои таълимӣ ба нақшаи таълимӣ мутобиқ гардонида шудаанд. Толорҳои лексионӣ, синфхонаҳо ва роҳрави кафедраро зиёда аз 60 баннерҳои фаннӣ ороиш додаанд. Дар кафедра ду тахтасинфи электронӣ васл шудааст, ки дар давоми машғулиятҳои назариявӣ (лексия) мавриди истифода қарор доранд. Мудири кафедра Нарзуллоев Н. Ф. китоби дарсии «Физиологияи одам» ва «Тестҳо аз фанни физиологияи эътидолӣ»-ро ба табъ расонидааст. Омӯзгори кафедра Ашурова Н. С. дастури таълимии «Асосҳои патология»-ро чоп намудааст. Кафедра бо кафедраҳои анатомияи одам, анатомияи патологӣ, гистология ва физиологияи эътидолии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамкорӣ дорад. Ҳуҷраҳои дарсӣ бо маводди таълимӣ, овезаҳо, мулуҳҳо, планшетаҳо ва баннерҳо муҷаҳҳаз гаштаанд. Дар озмоишгоҳи кафедра узвҳои тар ва хушк мавҷуданд, ки аз онҳо донишҷӯён ва устодон дар ҷараёни таълим истифода мебаранд. Модулҳои таълимӣ аз ҳамаи фанҳое, ки дар кафедра омӯхта мешаванд, таҳия гаштаанд. Усули дигаре, ки дар кафедра фаровон истифода мешавад ин муҳокимаи саволҳои тестӣ мебошад. Алоқаманд намудани фанҳои морфологӣ бо илмҳои клиникӣ завқи донишҷӯёнро ба касб афзун гардонида, ба пешрафт, сифат ва сатҳи донишандузӣ мусоидат менамояд. Дар кафедра маҳфилҳои фаннӣ гузаронида мешаванд, ки мавзӯъҳои гуногунро дар бар мегиранд. Ҳафтаи фаннӣ дар кафедра мувофиқи нақша амал мекунад. Дар кафедра ҳамчунин дарсҳои кушоду намунавӣ гузаронида мешаванд.