Тибби оилавӣ

Нигариданд: 3227

МУДИРИ КАФЕДРАИ "ТИББИ ОИЛАВӢ"
АЗИЗОВА Нигора Насруллоевна

 
(тав. 14.4.1988, ш. Душанбе), ассистенти кафедраи тибби оилавии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ. Хатмкардаи Коллеҷи тиббии заминавии ш. Душанбе (ҳозира Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ; 2010) ва Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (2015). Баъди бозомӯзии касбӣ дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-клиникии тибби ои- лавӣ бо ихтисоси ҳамшираи тибби оилавӣ, аз соли 2012 ассистенти кафедраи тибби оилавӣ мебошад. Дар семинару конфронсҳои ҷумҳуриявӣ барои омӯзгорони ҷавон доири ҳамбаста- гии бемориҳои кӯдакона иштирок ва баромад кардааст.



Кафедра. Соли 2003 ташкил карда шудааст. Роҳбар – номзади илми тиб Азизов З. А. Дар кафедра 9 нафар омӯзгор, аз ҷумла як нафар номзади илми тиб, як нафар дорои тахассуси дараҷаи олӣ, ду нафар дорои тахассуси дараҷаи I кор мекунанд. Як нафар духту- ри тахассуси дараҷаи олӣ мебошад. Дар назди кафедра намунаи таълимии «Бунгоҳи саломатӣ» фаъолият дорад, ки 14 утоқи он бо асбобҳои аёнии замонавӣ, мулуҷҳо, дастгоҳҳои аудио-видеовизуалӣ таҷҳизонида шудаанд. Кафедра аз рӯи 14 барномаи таълимӣ, ки дар асоси ҳамкорӣ бо мутахассисони Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ оид ба омодасозии ҳамшираҳои тибби оилавӣ тартиб дода шудаанд, фаъолият мебарад. Зери роҳбарии мудири кафедра барномаҳои таълимии ҳамаи фанҳо ба забони давлатӣ тарҷума ва нашр карда шудаанд. Доир ба ҳамаи фанҳо китобу модулҳои таълимӣ омода гаштаанд, ки аз тарафи омӯзгорон ва донишҷӯён мавриди истифода қарор доранд. Кормандони кафедра ба дигар коллеҷҳои тиббии ҷумҳурӣ доир ба таъмин намудани онҳо бо адабиёти зарурӣ, барномаҳои таълимӣ, корбасти усулҳои муосири таълим, ҳуҷҷатҳои методӣ ва ғ. кумак мерасонанд. Дар кафедра маҳфили фаннии «Ҳамшираи тиббии оилавӣ» фаъолият мекунад. Аз тарафи омӯзгорони кафедра ҳамасола бо истифода аз усулҳои муосири таълим машғулиятҳои кушоду намунавӣ, семинару конфронсҳо, озмуни «Беҳтарин ҳамшираи тибби оилавӣ» ва ғ. баргузор мешаванд. Ҳамчунин қабули имтиҳонҳои фанҳои кафедра бо усули муосири ОСКЕ (ИВСК – имтиҳони воқеъбинонаи сохторикардаи клиникӣ) баргузор мегардад. Дар кафедра корҳо оид ба таҳия, тарҷума ва нашри адабиёти таълимӣ идома доранд. Китобҳои «Кори ҳамширагӣ дар тибби оилавӣ» (муаллиф номзади илми тиб З. А. Азизов), «Кор бо оилаҳо» (муаллифон Азизов З. А., Қосимова Н. Ҷ., Зиятова С. Э.), «Консепсияи ҳамшираи тиббии оилавӣ» (муаллифон Азизов З. А., Абдуваҳобова Ф. Г.), «Ёрирасонии ҳамширагии оилавӣ» (муаллиф Азизов З. А.), «Фармакология дар тибби оилавӣ» (муаллиф Азизов З. А.) аз чоп бароварда шуда, мавриди истифодаи омӯзгорону донишҷӯён қарор доранд. Китобҳои мазкур ба ҳамаи коллеҷҳои тиббии ҷумҳурӣ низ фиристода шудаанд. Омӯзгорони кафедра савияи дониши худро мунтазам дар курсҳои такмили ихтисос такмил медиҳанд. Кафедра бо мақсади беҳтар кардани сифати омодасозии ҳамшираҳои тибби оилавӣ бо кафедраҳои тибби оилавии ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино, Маркази таълимӣ-клиникии ҷумҳуриявии тибби оилавӣ, кафедраҳои тибби оилавӣ ва шуғли ҳамширагӣ дар тибби оилавии Муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, марказҳои саломатии шаҳрӣ ва ноҳиявии ҷумҳурӣ ҳамкории зич дорад. Он ҳамчунин бо ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти Ҷамъияти Кушода – Бунёди мадад дар Тоҷикистон, Лоиҳаи «Ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ»-и Намояндагии институти тропикӣ ва тандурустии ҷамъиятии Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғ. ҳамкорӣ менамояд. Ҳамасола донишҷӯёни факултаи Кори умумитиббӣ зери роҳбарии омӯзгорони кафедра дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ байни Коллеҷҳои тиббӣ ширкат меварзанд.