Техналогияи дорусозӣ, ташкил ва иқтисоди фарматсия

Нигариданд: 2698

Кафедра. соли 2012 дар асоси кафедраи «Фарматсия» таъсис дода шудааст. Солҳои 2007–08 роҳбарии кафедраи «Фарматсия» ро н.и.ф. Ясинов Р. Қ. ба уҳда дошт. Дар кафедра 9 нафар омӯзгор кор мекард, ки 2 нафари онҳо дорои тахассуси дараҷаи олӣ буданд. Дар давоми ин солҳо дар кафедра омӯзгорони пуртаҷриба ба монанди Маъсумӣ Л. О., Бурҳонова С., Эгамбердиева Р. ва дигарон ба кори таълиму тадрис машғул буданд. Онҳо қариб 40 соли ҳаёти пурсамари худро ба Коллеҷи тиббӣ бахшидаанд. Аз соли 2009 роҳбарии кафедраро Саъдуллоев Ҷ. Ш. ба уҳда дорад. Дар кафедра 11 нафар омӯзгор фаъолият мекунанд, ки 7 нафари онҳо маълумоти олии фарматсевтӣ доранд. Дар кафедра услубу усулҳои ҳозиразамони таълим ҷорӣ карда шудаанд.

Аксарияти кабинетҳои таълимӣ бо компютер ва тахтаи электронӣ муҷаҳҳаз мебошанд, ки омӯзгорон аз онҳо ҳангоми машғулиятҳо васеъ истифода мебаранд. Дар давоми солҳои таҳсил барномаҳои таълимӣ аз нав дида баромада ва барои баррасӣ ба шуъбаи илмӣ-методӣ пешкаш карда шуданд. Аз тарафи мудири кафедра дастурамалҳои таълимии «Технологияи дорусозӣ», «Анатомияи рустаниҳо», «Ташкил ва иқтисоди фарматсия» тарҷума ва барои таҳрир ба шуъбаи илмӣ-методӣ пешниҳод карда шудааст. Дар давоми 5 соли охир дар кафедра корҳои зерин анҷом пазируфтанд: аз нав дида баромадани барномаи таълимии технологияи дорусозӣ барои шуъбаҳои рӯзона ва шабонаи кори фарматсевтӣ; барномаи таълимии ташкил ва иқтисоди фарматсия барои шуъбаҳои кори фарматсевтии рӯзона ва шабона; барномаҳои таълимии забони лотинӣ барои шуъбаҳои рӯзонаи кори фарматсевтӣ, кори момодоягӣ, кори ҳамширагӣ, кори умуми- тиббӣ; барномаҳои таълимӣ аз фанни забони лотинӣ барои шуъбаҳои шабонаи кори фарматсевтӣ ва кори ҳамширагӣ; барномаҳои таълимӣ аз фанни фармакология барои шуъбаҳои рӯзонаи кори фарматсевтӣ, кори момодоягӣ, кори ҳамширагӣ, кори умумитиббӣ; барномаҳои таълимӣ аз фанни фармакология барои шуъбаҳои шабонаи кори фарматсевтӣ ва кори ҳамширагӣ. Аз тарафи мудири кафедра як қатор мақолаҳо ба чоп расидааст. «Хусусияти гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон», «Ҷенерикҳо», «Бо роҳҳои ғайри доруворӣ пешгирӣ намудани бемории камхунии дил», Результаты изучения хронической токсичности сиропа «Пропорсинк», Разработка лабораторной технологии получения сиропа «Пропорсинк-ch». Дар кафедра бахшида ба ҳафтаи илми тоҷик дар мавзуъҳои «Витаминҳо», «Таърихи мухтасари ботаника», «Маълумотҳои беҳтарин барои дорухатнависӣ» конфронсҳо гузаронида шуданд. Дар кафедра ҳамчунин дарсҳои кушод баргузор мегарданд. Корҳои илмии кафедра низ пеш рафта истодаанд. Ба мақсади самаранок гузаронидани корҳои амалӣ дар назди кафедра «Дорухонаи таълимии истеҳсолӣ», «Маркази таълимии истеҳсоли дорусозӣ», «Маркази ҷамъоварӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш» фаъолият менамоянд, ки дар кори таҷрибаомӯзии донишҷӯён кумак мерасонад.