Терапия

Нигариданд: 2564

МУДИРИ КАФЕДРАИ "ТЕРАПИЯ"
ҲАҚНАЗАРОВ Ҳилолиддин Шарофиддинович

(тав. 11.3.1984, деҳаи Искичи ноҳияи Ҳисор), омӯзгор. Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино (2008). Духтури Маркази саломатии Искичи ноҳияи Ҳисор (2008-09), ассистенти кафедраи анатомияи патологӣ ва тибби судии ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино (2009–11), ҳамзамон мутахассиси пешбари Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии донишгоҳи мазкур буд. Аз соли 2015 омӯзгори кафедраи терапияи Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ мебошад.


Кафедра. Соли 2007 таъсис ёфтааст. Дар заминаи МДМҶКБД фаъолият дорад. Роҳбар – н.и.т. Ҳ. Ш. Рофиева. Дар кафедра 21 нафар омӯзгорон фаъолият доранд, аз он ҷумла 14 нафар асосӣ, 7 ҳамкор, 6 нафар аълочии тандурустии Тоҷикистон, 8 нафар омӯзгорони тахассуси дараҷаи олӣ. Кормандони кафедра пайваста ба мураттаб сохтан ва нашр намудани мақолаҳо, маърӯзаҳо, тезисҳо, тавсияномаҳо, дастурҳо, адабиёти таълимӣ, мавод оид ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таълимӣ-методӣ машғул мебошанд. Дар муддати фаъолияти кафедра дар маҷаллаву рӯзномаҳои гуногун зиёда аз 60 мақолаҳои илмӣ-методӣ чоп карда шудаанд: «Актуальные проблемы кардиологии» (ФР), «Ахборотҳои Академияи Илмҳои ҶТ», «Паёми Сино», «Нигаҳдории тандурустии ҶТ» ва ғ. Устодони кафедра чандин китобу дастурҳо ба табъ расонидаанд, масалан «Кори ҳамширагӣ дар терапия», «Қавигардонии солимии аҳолӣ», «Йододефицитные состояния», «Барои кормандони тиб дар бахши пешгирӣ, дарёфт ва назорати бемории сил», «Истифодаи усулҳои муосир дар терапия», «Маҷмуи лексияҳо аз равоншиносии умумӣ ва тиббӣ», маҷмуи лексияҳо оиди «Кори ҳамширагӣ ва парастории беморони солхӯрда ва куҳансол», «Дастури клиникии стандартӣ оиди бемориҳои дилу рагҳои хунгард» ва ғ. Дар кафедра корҳои илмӣ-тадқиқотӣ идома дошта, рисолаи доктории мудири кафедра дар арафаи ҳимоя қарор дорад. Кафедраи терапия оиди баланд бардоштани донишҳои касбӣ, такмил додани маҳорати омӯзгорӣ ва тахассусии омӯзгорон корҳои муайянеро ба сомон расонидааст. Иштироки фаъоли кормандон дар конфронсҳои илмӣ, семинарҳо, форуму симпозиумҳои илмӣ ва мизҳои мудаввар яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи кафедра ба ҳисоб меравад. Дар раванди фаъолияти худ кафедра оиди беҳтар намудани корҳои илмӣ, таълимӣ-методӣ ва тарбиявӣ як қатор корҳоро ба итмом расонидааст, аз он ҷумла: ба роҳ мондани услубҳои муосир ва самарабахши таълим; омодасозии маводди дидактикӣ, ки мунтазам дар мавриди машғулиятҳо истифода бурда мешаванд; вусъат додани корҳо оид ба омодасозии адабиётҳо, маводу дастурҳои таълимӣ, хусусан ба забони давлатӣ. Дар кафедра ҳамасола машғулиятҳои кушоду намунавӣ бо истифодаи услубҳои муосири таълим гузаронида мешаванд. Ҳамчунин дар кафедра ҷамъияти илмии донишҷӯён аз фанни «Терапия» ташкил карда шудааст. Устодони кафедра зери роҳбарии мудир дар таҳия ва тарҷумаи барномаҳои таълимӣ иштирок намудаанд. Онҳо дар семинарҳо, конфронсҳо оид ба масъалаҳои мубрами соҳаи тандурустӣ баромад намуда, дар худи кафедра низ конфронсҳои фаннӣ ва мавзӯӣ бо донишҷӯён баргузор месозанд.