Педиатрия

Нигариданд: 3477

Кафедра. Бо фармони Вазорати тандурустии ҶТ аз 9 феврали соли 2005 таҳти №61 ташкил карда шудааст. То соли 2006 кафедраро н.и.т. Э. И. Назаров роҳбарӣ намудааст. Солҳои 2006–07 вазифаи мудирии кафедраро омӯзгор Садриддинова М. Д. ба уҳда дошт. Аз моҳи марти соли 2007 мудири кафедра н.и.т. Икромов Т. Ш. мебошад. Дар кафедра омӯзгорони пуртаҷриба М. Аҳмадова, Т. Ҳоҷаева, М. А. Қурбонова, Р. М. Муҳаммадиева, Х. Н. Қодирова, М. Сорбон, М. П. Раупов ва Г. Қ. Қулдошова кор мекунанд. Ҳамаи онҳо дараҷаи олии тахассусӣ доранд. Омӯзгорони ҷавон С. Ҳ. Мамадаминова, Қ. А. Мирзоев, Б. М. Ҳайдарзода ва М. М. Файзиева аз устодон таҷрибаи корӣ меомӯзанд. Таълифоти устодони кафедра: Т. Ш. Икромов, В. В. Ганичев – «Услубҳои озоншифоӣ»; Т. Ш. Икромов, М. Ахмедова – Саволҳои тестӣ аз фанни «Кори ҳамширагӣ дар педиатрия»; Т. Ш. Икромов, М. Ахмедова ва дигарон –Тестовые вопросы по предмету «Сестринское дело в педиатрии»; Т. Ш. Икромов, М. Ахмедова – «Физическое и нервно-психическое развитие ребенка. АФО нервной системы»; Т. Ш. Икромов, С. О. Саидов, М. Сорбон – «Кори ҳамширагӣ дар педиатрия», 2012; Т. Ш. Икромов, Мижгони Сорбон, Р. М. Мухамадиева, Х. Н. Қодирова – «Особенности кожи и подкожного жирового слоя, костно-мышечной системы». Дар давоми солҳои таҳсил дар кафедра 12 маротиба дарси кушод ва 10 конфронси таълимӣ-амалии донишҷӯён гузаронида шуд. Мудири кафедра Икромов Т. Ш. соли 2012 ба узвияти Ассотсиатсияи илмии Аврупо қабул карда шуд. Ӯ дар конгресси байналмилалии Euromedica Internationaler Kongress and Fachmesse Hannover – 2012– 15 дар ш. Ганновери Олмон маърӯза намуда, сазовори медалҳои Теодор Билрот, Макс Ван Петтенкоффер, Роберт Кох, Луи Пастер ва Шварс гашт.