Кори ҳамширагӣ

Нигариданд: 8496

МУДИРИ КАФЕДРАИ "КОРИ ҲАМШИРАГӢ"
ҚУРБОНОВА Парвина Гурезовна


(тав. 1.9.1977, ноҳияи Фархор), омӯзгор. Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино (2000). Таҳсил дар интернатура (2001–02), духтури касалиҳои пӯсту зуҳравии Маркази саломатии ноҳияи Бохтар (2004–06). Аз соли 2006 омӯзгор, аз соли 2015 иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи кори ҳамширагии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ мебошад.


Кафедра. соли 2000 ташкил карда шудааст. Роҳбарии онро аз рӯзи таъсисёбӣ то соли 2015 аълочии тандурустӣ ва маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.т. Дӯстов Ҷ. Х. ба уҳда дошт. Роҳбари феълӣ – Қурбонова П. Г. (аз 2015). Дар кафедра 22 нафар омӯзгорон фаъолият доранд, ки аз онҳо 1 нафар аълочии маориф, 1 нафар дорои тахассуси дараҷаи олии педагогӣ, 5 нафар тахассуси дараҷаи 1-уми педагогӣ, 5 нафар дорои тахассуси дараҷаи олии касбӣ мебошанд. Дар тӯли фаъолияти кафедра корҳои назаррас ба итмом расонида шуданд, аз он ҷумла таҳия ва нашри «Маҷмӯаи лексияҳо» аз фанни кори ҳамширагӣ, бо забонҳои русӣ ва давлатӣ; ишораҳои методӣ оиди баҳисобгирӣ ва баҳодиҳии салоҳиятнокии иҷроиши мустақилонаи малакаҳои амалӣ, ки барои донишҷӯён ҳатмӣ мебошанд; маҷмӯаи лексияҳо аз фанни тадқиқотҳои илмӣ дар кори ҳамширагӣ, бо забонҳои русӣ ва давлатӣ; дастури методӣ «Сад дастамали ҳамширагӣ» ба забони давлатӣ; дастури таълимии «Сестринские диагнозы и сестринская неотложная помощь» (Ибодов Х. И., Дӯстов Ҷ. Ҳ.), ба забони русӣ; тавсияҳои методӣ «Использование современных методов обучения на занятиях», ба забони русӣ; дастури таълимии амалӣ аз фанни «Основы сестринского дела с манупуляционной техникой» (Дӯстов Ҷ. Ҳ., Сафохонов Д. Т.) ва ғ. Устодони кафедра ҳамасола озмунҳои «Ҳамшираи тиббии беҳтарин» ва машғулиятҳои кушоду намунавӣ мегузаронанд. Собиқ мудири кафедра Дӯстов Ҷ. Ҳ. дар кори мураттаб сохтани маводди таълимии лоиҳаи «ЛЕМОН» оид ба кори ҳамширагӣ, ки барои Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ гардонида шудааст, ширкат дошт. Ҳамчунин аз ҷониби ӯ барномаҳои фанни «Кори ҳамширагӣ» барои ихтисосҳо таҳия ва ба забони давлатӣ нашр карда шуданд. Дар кафедра бо омӯзгорон ва донишҷӯён мунтазам корҳои тарбиявӣ гузаронида мешаванд. Соли таҳсили ҷорӣ олимпиадаи донишҷӯён аз фанни «Кори ҳамширагӣ» ташкил карда шуд. Кафедра бо ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино ва ДТИБКТТ вобаста ба масоили кори ҳамширагӣ, инчунин бо беморхона ва марказҳои солимии шаҳри Душанбе оид ба таълими амалӣ ва таҷрибаомӯзии донишҷӯён ҳамкорӣ дорад. Кафедра мунтазам ба коллеҷҳои тиббии ҷумҳурӣ ёрии амалӣ ва методӣ мерасонад.