Забонҳо

Нигариданд: 2182

Кафедра. Аз соли 2007 ҳамчун кафедраи мустақил (аз соли 2000 дар сохтори кафедраи «Фанҳои гуманитарӣ» амал мекард) фаъолият дорад. Дар кафедра 17 нафар омӯзгорон ба таълиму тадрис машғул мебошанд. Аз онҳо 3 нафар дорои тахассуси дараҷаи олӣ, 2 нафар дараҷаи якум, 6 нафар дараҷаи дуюм аст. Роҳбари кафедра – Юлдашева Д. Н. Устодони кафедра барномаҳои таълимиро барои ҳамаи ихтисосҳои коллеҷҳои тиббии ҷумҳурӣ аз рӯи фанҳои забони тоҷикӣ, забони русӣ, забони англисӣ, асосҳои ахлоқ ва зебоишиносӣ тарҳрезӣ кардаанд. Мақоми кафедраи забонҳо дар амалӣ гардонидани Қонуни забон назаррас мебошад. Коллективи кафедра дар баргузор сохтани ҳафтаҳои фаннӣ, конфронсу семинарҳо ба забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ саҳми назаррас доранд. Омӯзгори кафедра Ахмедова С. А. ҳамроҳ бо устодони фанни забони русии колеҷи тиббии ш. Конибодом «Дастури таълимӣ аз фанни забони русӣ барои таълимгоҳҳои миёнаи тиббӣ»-ро ба табъ расондааст. Номзади илми филология Хуррамов З. Қ., Хуррамов М. Қ. ва Ахмедова С. А. «Луғати тафсирии истилоҳоти тиббӣ аз забони русӣ», Раҳмонова Г. маҷмуи лексияҳо аз фанни «Асосҳои ахлоқ ва зебоишиносӣ», Бобобеков М. «Дастури таълимӣ барои омӯзгорон ва донишҷӯёни коллеҷҳои тиббӣ» аз фанни забони англисиро чоп намуданд. Қосимова Р. С., Садриддинова М. Д. ва Нуруллоева Д. «Дастури таълимӣ оид ба ташаккули нутқи касбӣ аз фанни забони тоҷикӣ барои донишҷӯёни коллеҷҳои тиббӣ»-ро таҳия ва нашр намуданд. Соли 2012 Исмоилова Ганҷина дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни забони русӣ ҷойи якумро ишғол намуд, соли 2014 Ҳамроқулова Диана дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойи якум гашт. Аз ҷониби омӯзгорони кафедра маводди дидактикӣ ва аёният омода ва мавриди истифода қарор дода мешаванд. Кабинетҳои таълимӣ ба таври замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Устодон мунтазам услубҳои муосири таълимро мавриди истифода қарор дода, машғулиятҳои кушоду намунавӣ мегузаронанд. Ҳайати омӯзгорони кафедра дар тамоми корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок менамоянд.