Ёрии таъҷилӣ

Нигариданд: 1951

МУДИРИ КАФЕДРАИ "ЁРИИ ТАЪҶИЛӢ"
НАБИЕВ Зоҳир Нарзуллоевич


(тав. 18.06.1962, ноҳияи Ҳисор), педиатр, анестезиолог ва реаниматолог, доктори илми тиб (2006), духтури тахассуси дараҷаи олӣ (2000), саранестезиолог ва реаниматологи Вазорати тандурустии ҶТ (аз с. 2006), Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2008). Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1987). Интерни клиникаи ҷарроҳияи кӯдакон (1987–89), духтур-ҷарроҳ (1989–92) ва мудири шуъбаи анестезиология ва реаниматологияи клиникаи ҷарроҳияи кӯдакони Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявӣ (1992–2006), муовини директори Маркази миллии тиббии ҶТ (2006–08), директори Маркази илмии клиникии педиатрия ва ҷарроҳияи кӯдакон (аз 2008). Ҳамзамон ба ҳайси мудири кафедра дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ фаъолият дорад. Ба масъалаи муолиҷаи вусъатнок ва табобати беморони вазнин машғул аст. Раиси Ассотсиятсияи ҷарроҳон ва анестезиологҳои кӯдакон (аз 2008). Муаллифи зиёда аз 130 таълифоти илмӣ ва 15 пешниҳоди навоварона. Ос.: Определение степени анестезиологического операционного риска, Д., 2000; Острая дыхательная недостаточность при отравлениях опиатами у детей. Здравоохранение Таджикистана, Д., 2001, №4; Интенсивная терапия септического шока у детей. «Клинична фармация», Украина, 2003, №3; Продленная перидуральная анальгезия у детей с пороками развития толстой кишки, Д., 2005; Абдоминальная хирургия у детей, Д., 2005; Синдром отечного легочного повреждения у детей при критических состояниях, Д., 2008; Беҳискунии ҷузъӣ, Д., 2010.


Кафедра. Моҳи сентябри соли 2012 ташкил карда шудааст. 15 нафар корманд дорад: Набиев Зоҳир Нарзуллоевич, д.и.т., профессор (мудири кафедра); Мирзоева Урунбӣ Маъмуровна, ассистент, масъули қисми таълим; Аминов Обидҷон Тоҳирович, н.и.т. ассистент; Раҳматова Рухшона Акрамовна, н.и.т. ассистент; Тоҳиров Равшан Ҷамшедовиҷ, н.и.т. ассистент; Мағзумов Дилшод Раҳмонхоҷаевич, ассистент; Файзуллоева Фарида Толибовна, ассистент; Маҷидова Заррагул Раҳмоналиевна, ассистент; Сангинова Ҳуснибону, ассистент; Шодиева Зарина Алибоевна, ассистент; Қодиров Ҳалим Абдурозиқович, ассистент; Умедов Аҳлиддин Сангинович, ассистент; Раҳмонов Миралӣ Бегмуродович, ассистент; Раҳмонов Бобохон Ятимович, ассистент; Мирзоева Раъногул Ҷамолиддиновна, лаборант. Самти асосии пажӯҳишҳои кафедра ташкил ва расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ ҳангоми бемориҳои ҷарроҳӣ, соматикӣ ва ҳолати ниҳоӣ дар кӯдакон аст. Дар робита ба ин кормандони кафедра чандин китобу дастурҳои таълимӣ ба табъ расондаанд. Масалан, «Норасоии шадиди кори гурдаҳо дар кӯдакон» (тавсияҳои дастурӣ); «Дастур оид ба баҳо додани гурӯҳи солимии кӯдакон»; «Норасоии шадиди кори гурдаҳо ҳангоми ҳолатҳои хатарнок дар кӯдакон (монография); «Алоими иллатнокии шадиди шушӣ дар кӯдакон ҳангоми ҳолатҳои хатарнок»; «Дастур оид ба табобати вусъатноки норасоии шадиди кори гурдаҳо дар кӯдакон»; «Ҳимояи анестезиологӣ дар кӯдакони гирифтори нуқсони инкишофи рӯдаи ғафс, принсипи тайёрии пешазҷарроҳӣ » ва ғ.