Гигиена

Нигариданд: 1413

МУДИРИ КАФЕДРАИ "ГИГИЕНА"
ГАДОЕВ Илҳом Мавлонович


(тав. 19.10.1969, ноҳияи Файзобод), омӯзгор. Хатмкардаи Академияи тиббии ба номи И. М. Сеченови ш. Москва (1998). Мудири шуъбаи эпидемиология (1998–99), директори МНДСЭ-и ноҳияи Файзобод (1999–2006), директори Маркази ҷумҳуриявии иммунизатсияи Вазорати тандурустӣ (аз 2008), ҳамзамон аз соли 2011 ассистенти кафедраи гигиенаи Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ. Духтури тахассуси дараҷаи олӣ. Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон.


Кафедра. Соли 2009 таъсис ёфтааст. Вазифаи мудирии кафедраро то соли 2012 Азимов Г. Ҷ. ба уҳда дошт. Аз соли 2012 мудири кафедра Ризоева О. Р. таъйин гардид. Кафедра дар бинои маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе, стансияи гандзудоӣ ва маркази назорати давлатии санитарии ноҳияи Сино ҷойгир шудааст. Дар кафедра 10 нафар омӯзгорон фаъолият доранд: Ризоева О. Р., Ҳабибов А. Х., Авғонов З. Т., Гадоев И. М., Одинаев С., Юсупов С., Шаҳлои Ш., Дилшоди Р., Иномов А. ва Ганҷалов С. Устодони кафедра аз фанҳои беҳдошти умумӣ, беҳдошти меҳнат, беҳдошти коммуналӣ, беҳдошти ғизо, беҳдошти кӯдакон ва наврасон, беҳдошти иҷтимоӣ ва кори гандзудоӣ дарс мегӯянд. Дар кафедра мунтазам машғулиятҳои кушоду намунавӣ, конфронсҳои илмии донишҷӯён ва омӯзгорон, мизҳои мудаввар, семинарҳо, соатҳои тарбиявии кушода, чорабиниҳои гуногуни тарбиявӣ ва ғ. доир карда мешавад. Оид ба тамоми фанҳои таълимии кафедра барномаҳои таълимӣ омода ва ба забони давлатӣ тарҷума карда шудаанд. Аз фанҳои мавҷуда модулҳои таълимӣ омода карда мешаванд. Кормандон ва омӯзгорони кафедра тасмим гирифтаанд, ки аз ҳамаи фанҳо маҳфилҳо ташкил намоянд. Устодони кафедра китобҳои «Беҳдошти умумӣ» ва «Беҳдошти ғизо»-ро ба табъ расондаанд.